Таркиш дар Покистон: 72 кас куштаву 250 кас захмӣ гардид

Як маргталаб дар назди масҷиди Лоло Шаҳбоз Қаландари шаҳри Саҳван-Шарифи Покистон худро таркондааст, ки дар натиҷа 72 нафар ҷон бохтаву беш аз 250 каси дигар захмӣ гардидаанд.
Дар ин хусус хабаргузории Рейтерс иттилоъ додаву гуфтааст, ки беморхонаҳои маҳаллӣ лабрези захмиёни таркиш градидаанд.
Дар ин робита Департаменти давлатии ИМА ба ақрабои қурбониён изҳори тасаллият баён кардаву ҳамчунин ба ашхоси зарардида шифои комил хостаанд.
Мақомоти ИМА гуфтааст, ки барои пайдо кардани муҷримони ин таркиш ба Покистон кӯмак хоҳад кард.

Tags: