Дар Душанбе 3-юмин Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда доир мешавад

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон ва Соли ҷавонон 12 август дар Кохи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи Тоҷикистон  3-юмин Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда баргузор мешавад.
Дар Анҷуман иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 100 нафар донишҷӯёни фаъоли дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, 80 нафар намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, 100 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва 50 нафар волонтёрони ҷумҳурӣ дар назар аст.
Анҷумани донишҷӯёни тоҷики хориҷи кишвар аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) 2 марти соли 2014 таъсис ёфтааст.  Имрӯз Анҷумани мазкур дар даҳ кишвари ҷаҳон зиёда аз 1500 нафар аъзои фаъол дорад. Аз ҷумла, аъзои он дар Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Нидерландия, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Украина ва Ҷумҳурии Лаҳистон таҳсил доранд.
Мақсад аз таъсиси Анҷумани донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва мустаҳкам намудани робитаи байниҳамдигарии донишҷӯёни тоҷик аст, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд.
Ба ин муносибат пагоҳ дар Боғи «Ирам» ва Боғи Рӯдакӣ силсилабарномаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва илмиву фароғатӣ ба доир мешаванд.

АМИТ "Ховар"