Маҳмадбеков Сомон ифтихори Тоҷикистон

Сомон Маҳмадбеков дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия ҷараён дорад, дар вазни -66 кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Сомон дар марҳилаи муқаддамотӣ озод буд. Ӯ дар даври дуюм Ҷаслен Сайнӣ (Ҳиндустон), баъдан Исмоил Иброҳимовро (Озарбойҷон) мағлуб карда, аз варзишгари Бразилия Даниел Каргнин, ки ғолиби ин вазн шуд, шикаст хурд. Сомон сипас муборизаро барои медали биринҷӣ идома дода, варзишгари испанӣ Салвадор Касес ва намояндаи Озарбойҷон Ёқуб Ҷаводовро мағлуб карда, ҷои сеюмро сазовор шуд. Хотиррасон мекунем, ки ин аввалин нишони биринҷӣ дар таърихи гӯштини ҷудои тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 10 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Дар рӯзи аввал Суҳроб Боқиев дар вазни -60 кг рӯи татами баромад. Ӯ бар Катз Ҷошуа аз Австралия ва Ҷорре Верстраген аз Белгия пирӯз шуда, дар даври сеюм аз варзишгари Озарбойҷон Аҳмад Юсуфов мағлуб гардид ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд. Дар вазни -66 кг варзишгари дигари мо Муҳаммадкарим Сарахонов гӯштин гирифт. Ӯ баъд аз ду ғалаба бар Кристос Скоромоунис (Кипр) ва Бадер Алмазайда (Урдун) дар даври сеюм аз намояндаи Ӯзбекистон Артём Штурбабин, ки медали нуқра ба даст овард, шикаст хурд. Ду варзишгари мо дар вазни -73 кг  Эраҷ Абдуллоев ва Хайёмиддин Ҷабборов низ аз медалҳо бенасиб монданд. Имрӯз ва фардо рақобатҳо дар 4 вазн идома меёбанд. Дар вазни -81 кг Ҷаҳонгир Маҷидов бо Алекс Ривет аз Зеландияи Нав рақобат мекунад. Дар ин вазн Раҳматуллобек Фарҳодов низ гӯштин мегирад. Ӯ дар даври аввал озод аст. Ҳарифаш дар даври дуюм ғолиби ҷуфти Ҷеспер Слини (Нидерланд) – Сергий Кривчал (Украина) мебошад. Варзишгари дигари мо Муртазо Аминов дар вазни -90 кг бо Никола Микависа (Босния ва Ҳерсоговина) рӯи гилем мебароянд. Дар вазни -100 кг ду варзишгари мо бо ду варзишгари Полша гӯштин мегиранд: Шакармамад Мирмамадов бо Каспер Сизуровски ва Темур Раҳимов бо Доминик Мазовски. Дар чемпионат 590 варзишгар (346 мард, 244 бону) аз 83 давлати дунё иштирок доранд.

ТВ Варзиш