Дар ду масҷиди Зеландияи Нав бар асари тирпарронӣ 27 нафар ҳалок гардиданд

ЗеландияБар асари тирпарронӣ дар масҷидҳои «Ал-Нур» ва «Масҷиди Линвуд» дар шаҳри  Крайстчерчи Зеландияи Нав 27 нафар ҳалок гардидаанд. Полис боздошти яке аз ҳамлагаронро тасдиқ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Бино ба иттилои  шабакаи телевизионии «Television New Zealand», дар натиҷаи ин тирпарронӣ 30 нафар бо захмҳои гуногун дар беморхонаи шаҳри Крайстчерч бистарӣ шудаанд.

Қаблан газетаи «New Zealand Herald» хабар дода буд, ки бар асари тирпарронӣ 9 нафар ҳалок гардида буданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи ҷумъа ашхоси мусаллаҳ тахминан соати 13:45 ба вақти маҳаллӣ, пас аз намоз вориди масҷидҳои «Ал-Нур» ва «Масҷиди Линвуд», ки бо ҳам дар масофаи наздик қарор доранд,  шуда, дарҳои баромадро мебанданд. Шоҳидон мегӯянд, ки дар ин ҳангом мутаносибан 200-300 нафар дар дохили масҷидҳо қарор доштанд.