Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Зеландияи Нав Ҷасинда Кейт Лоурелл Ардерн

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Зеландияи Нав Ҷасинда Кейт Лоурелл Ардерн барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Бо камоли андӯҳ ва нафрати беандоза хабари амали террористӣ дар масҷидҳои шаҳри Крайстчерчии Зеландияи Нав, ки муҷиби ҳалокати 49 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандон гардид, дарёфт намудам.

Ин ҳодисаи фоҷеабор бори дигар воқеияти аслии терроризмро нишон медиҳад, ки ба ягон дин, миллат ва қавм рабте надорад ва зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин таҳдиди глобалӣ қотеъона таъкид менамояд.

Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Зеландияи Нав ва ибрози ҳамдардии инҷониб ба наздикону пайвандони қурбониён, хоҳони шифои комили маҷрӯҳшудагон ҳастем».

АМИТ «Ховар»