Дар Академияи тенниси шаҳри Қазони Русия қуръакашии Ҷоми Конфедератсия -2017 барпо гардид

Дар Академияи тенниси шаҳри Қазони Русия қуръакашии Ҷоми Конфедератсия-2017 оид ба футбол баргузор гардид. Дар натиҷа ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Русия, Зеландияи нав, Португалия ва Мексика, ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Олмон, Австралия, Чили ва чемпиони Африқо шомил шуданд.
Бозиҳои Ҷоми Конфедератсия -2017 аз 17-уми июн то 2 июл дар 4 шаҳри Русия -Қазон, Сочи, Санкт-Петербург ва Маскав гузаронида мешаванд. Маблағи ҷоизавии ин мусобиқа 20 000 000 долларро ташкил медиҳад.

Бозии ифтитоҳӣ бо ширкати дастаҳои мунтахаби Русия ва Зеландияи нав 17 июн барпо хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: