Боғи фарҳанги шаҳри Турсунзода тибқи талаботи шаҳрсозию меъморӣ навсозӣ мегардад

Бо мақсади дар сатҳи баланд  пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таҷдиду навсозӣ ва сохтмони иншооти гуногун муташаккилона идома дорад. Аз ҷумла, Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр яке аз иншооти ҷашнӣ маҳсуб мегардад, ки имрӯзҳо корҳои навсозии он бо сифати баланд идома доранд.

Сардори шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Турсунзода  Файзулло Раҳимов иттилоъ дод, ки навсозии боғи фарҳангию фароғатӣ тибқи лоиҳа ва бо риояи талаботи меъморию шаҳрсозӣ амалӣ шуда, сохтмончиён таҷдиди хатҳои интиқоли барқ ва қубурҳои обгузарро ба итмом расонидаанд. Корҳо дар самти бетонрезии фаввораҳо, ҷӯйборҳо, ҳамвор намудани роҳравҳо ва омодасозии сутунпояҳо барои чароғонкунии боғ дар авҷанд.

Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба ҷашни миллӣ  сохтмони зиёда аз 367 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ  ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда 190 иншоот, аз ҷумла  сардхонаҳо, майдонҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, кошонаҳои ҳусн, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ҳаммомҳои замонавӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: