Оғози бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ

Дирӯз бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бо баргузории ду вохӯрӣ дар гурӯҳи «А» оғоз ёфтанд.
Дар зӯрозмоии дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Равшан»-и Кӯлоб ғолиб муайян нагардид ва дастаҳо бо натиҷаи сулҳомези 1:1 бозиро ҷамъбаст карданд. Ба голи задаи Зокир Абдулхайров дар дақиқаи 52-юм Ҳасан Рустамов баъди 5 дақиқа ҷавоб гардонд.
Дар рақобати дуюми ин гурӯҳ натиҷаи ғайричашмдошт ба қайд гирифта шуд. «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, намояндаи Лигаи якуми кишвар бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид. Ягона голи ғолибиятро легионери ганагии «Кӯктош» Мисиам Иносент (85) ба ҳадаф расонд.
Имрӯз бозиҳо дар гурӯҳи «Б» шурӯъ мегарданд. «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода бо Ашт»-и Ашт (14:30) ва «Истиқлол»-и Душанбе бо «Ҳулбук»-и Восеъ (17:00) вориди майдон мешаванд.

Tags: