Дар 21 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон ташкил карда шуданд

markazi_milli_testi.jpgНуқтаи сайёри бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 дар ноҳияи Файзобод ба фаъолият шурӯъ намуд.
Тавре аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади таъмини дастрасии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, дар баробари нуқтаҳои доимии бақайдгирии 29 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, дар 21 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар муҳлати муайян фаъолият менамоянд. Хоҳишмандон бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонанд дар нуқтаи сайёри бақайдгирии ба маҳалли зисташон наздик ё дигар нуқтаи бақайдгирии барояшон муносиб худро номнавис кунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: