Путин шикасти ДИИШ дар Сурияро эълон кард

Гурӯҳи ташкилоти террористии ДИИШ («Давлати исломӣ»,  мамнуъ дар Тоҷикистон, Россия ва дигар мамлакатҳо) дар Сурия торумор карда шуд,- изҳор дошт Президенти Россия Влалимир Путин. Дар ин бора INTERFAX.RU хабар медиҳад.

«Имсол дар маркази таваҷҷуҳи мо мавзӯе, ки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад: дурнамои вазъ дар Шарқи Наздик пас аз шикасти ДИИШ дар Сурия қарор дорад», — изҳор дошт Путин дар муроҷиат ба иштирокдорони конфренсияи байналмилалӣ дар Москва оид ба амният.

Муроҷиати сарвари давлати Россияро рӯзи чоршанбе котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев қироат намуд.

Ин дар ҳолест, ки вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу дар конфронси 7-уми Москва оид ба амнияти байналмилалӣ гуфт: «Қисми зиёди ҳудуди Сурия аз террористон озод карда шуда, бо дигарон оид ба гузоштани силоҳ гуфтушунид ҷараён дорад».

«Мусаллам аст, ки ҳангоми муттаҳид сохтани кӯшишҳои мо бо эътилоф, ДИИШ дар минтақа зудтар ва бо талафоти камтар нест мешуд», — гуфт вазири мудофиаи Россия.

АМИТ "Ховар"