Ҷалби ширкатҳои бузурги Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика баррасӣ шуд

Имрӯзҳо шароити мусоид барои сармоягузорон ва соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё карда шудааст. Ин нуктаро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар мулоқот бо Раиси ширкати тиҷоратии «Al-bassami Group Co» Абдуллоҳ Муҳаммад Ал- Бассомӣ, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён кард.
ҷалби ширкатҳои бузурги Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла энергетика, сохтмон, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди соҳаи туризм аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Абдуллоҳ Муҳаммад Ал- Бассомӣ маҳсуб гардиданд.
Дар анҷом ҷонибҳо атрофи нақшаю тадбирҳои мутақобилан судманд ибрози назар намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: