3 июл иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад

3 июли соли 2019 иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.

Интизор меравад, ки ба баррасии иҷлосияи мазкур рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №79 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дар вилоят, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», №37 Маҳмудҷон Қаюмзода, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ барои соли 2019 ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят пешниҳод мегарданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: