Барои марҳилаи дуюми барқарорсозии Шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ 4 миллиону 500 ҳазор доллар ҷудо гардид

Масъалаи марҳилаи дуюми барқарорсозии Шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ ва барои аз вазъияти ногувор баровардани Корхонаи фаръии обу ткорези шаҳри Хоруғ дар мулоқоти Шодихон Ҷамшед, Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо ҳайати намояндагони Барномаи барқарорсозии шабакаҳои обрасонии давлати Олмон, ки бо роҳбарии Брайн Ҷонс дар ин вилоят қарор дорад, баррасӣ гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд, намояндагони Барномаи барқарорсози шабакаҳои обрасонии давлати Олмон изҳор доштанд, ки ҷиҳати амалисозии ин лоиҳа аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 4 миллиону 500 ҳазор доллари ИМА ҷудо гардидааст. Дар навбати аввал шакли ҳозираи фаъолияти корхона мавриди омўзиш қарор дода шуда, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тартиби дурусти фаъолияти минбаъдаи он муайян хоҳад гашт.
Шодихон Ҷамшед таъкид намуд, ки маблағи ҷудогардида бояд мақсаднок истифода бурда шавад, то натиҷаҳое, ки роҳбарияти вилоят ва сокнони шаҳри Хоруғ аз амалишавии ин лоиҳа интизорӣ доранд, ба даст оянд.
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки амлисозии лоиҳаро дар фурсати кўтоҳтарин оғоз намуда, баҳри анҷоми босифати он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.

АМИТ "Ховар"

Tags: