Чаҳор экипажи танкии Тоҷикистон дар «Биатлони танкӣ» ширкат мекунанд

Чор экипажи танкӣ таҳти раҳбарии муовини фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард оид ба аслиҳа ва  техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ашӯров 24, 28 ва 30 август дар дивизиони  2-юм дар мусобиқаи «Биатлони танкӣ», ки дар доираи Бозиҳои VI байналмилалии артиши Россия «Артиш — 2020» дар Федератсияи Россия баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин бора сайти расмии «Биатлони танкӣ» хабар додааст.

23 август маросими ботантанаи ифтитоҳи ҳамоиши байналмилалии «Армия-2020» ва омадани экипажҳои танкӣ баргузор гардид.

Дар “Биатлони танкӣ” соли равон бештар аз 200 танкчӣ аз 16 кишвар (Россия, Абхазия, Озарбойҷон, Беларус, Ветнам, Қазоқистон, Конго, Қирғизистон, Чин, Лаос, Мянма, Сербия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Осетияи Ҷанубӣ) ширкат меварзанд.

Ин бори аввал нест, ки экипажҳои мо дар “Биатлони танкӣ” ширкат мекунанд. Соли 2019 низ чаҳор экипажи танкӣ ва як гурӯҳи кумаки техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он иштирок карда буданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: