Ба Маркази ҳамоҳангсозии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои муқовимати фаврӣ ба COVID-19 таҷҳизоти техникӣ ва иттилоотӣ дастрас гардид

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон иқдоми Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъсиси  Маркази ҳамоҳангсозӣ барои муқовимати фаврӣ ба COVID-19 дастгирӣ  карда, 12 июн барои ин марказ таҷҳизоти техникӣ дастрас намудхабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорат.

Дар маросими супоридани таҷҳизот муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта иштирок намуданд.

Саида Умарзода зимни суханронии хеш иброз намуд, ки фаъолияти Маркази ҳамоҳангсозӣ дар вазорат имкон фароҳам овард, ки то имрӯз як зумра видеоконфронсу вохурӣ ва ҷаласаҳои вазорат ба тариқи он доир шаванд. «Инчунин, бо мақсади табодули таҷриба дар роҳи пешгирӣ ва табобати беморони гирифтори COVID-19 бо иштироки мутахассисони соҳаи тибби Чин, Ӯзбекистон ва роҳбарону кормандони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат  чандин суҳбатҳои видеоӣ баргузор гардида, дар ҷараёни онҳо роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд», — ёдовар шуд муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Илова бар ин, ӯ тазаккур дод, ки бо иштироки сармутахассисони соҳавии вазорат ва табибони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба воситаи Маркази ҳамозангсозӣ якчанд машғулиятҳои омӯзишии онлайнӣ доир гардида, аз ҷониби олимони соҳа ба онҳо тавсияҳои муфид дода шуд.

«Ҳамзамон, ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат вобаста ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2020 низ ба тариқи Маркази ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсатҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии мамлакат иштирок ва аз фаъолияти семоҳаи хеш ҳисобот доданд», – афзуд С. Умарзода.

Дар охир ҷиҳати тақдими таҷҳизоти техникӣ ба Маркази ҳамоҳангсозӣ ҷонибҳо созишнома ба имзо расониданд.

Бояд гуфт, ки Маркази ҳамозангсозӣ як бахши нақшаи Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19 буда, барои мусоидати табодули иттилоот дар манотиқи гуногуни кишвар ва пойтахт, беҳбуди тавофуқ байни шарикони гуногуни ниҳодӣ ва мусоидат ба мубодилаи дониш бо кишварҳои дигар, таъсис ёфтааст.

Вазорат ин марказро дар сатҳи миллӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ду марказ дар шаҳри Душанбе таъсис дода, он аллакай дар шароити мустақим (онлайн) санҷида шуд ва саҳми худро дар таъмини ҷамъу санҷиши рақамҳову иттилооти сирояти вируси COVID-19 гузошт. Он ҳамчунин ба вазорат имкони пахшу тавзеъи дониши коршиносони аршади тибби кишварро ба манотиқ фароҳам овард.

АМИТ «Ховар»

Tags: