Сафари ҳайати расмии Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба Қазоқистон

Рўзҳои 25-27 октябри соли 2017 ҳайати расмии дастгоҳи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров   бо даъвати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон Владимир Жумаканов   ба шаҳри Остона сафари корӣ анҷом дод. 

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни дастгоҳҳои шўроҳои амнияти ҳарду кишвар, вазъи кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, бо ҷинояткории муташакил, амсоли гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, ҳамкориҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки чунин машваратҳои кории дуҷониба мунтазам сурат гиранд, зеро дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои тарафайн муҳокима шуда, барои боз ҳам таҳким бахшидани амният ва суботу оромии тарафҳо ва минтақа мусоидат менамоянд.

АМИТ "Ховар"