Баррасии масоили арзёбии осебпазирӣ ва бехатарии муҳоҷирон бо намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират

Дирӯз сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зумрад Абдуллозода бо намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Баҳром Раҳматҷонов ва коршиноси миллии созмони мазкур Алишер Ёрбобоев вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои арзёбии осебпазирӣ, бехатарии муҳоҷирон, зарурати ҳамгироии муҳоҷирони ба Ватан баргашта ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима намуданд.
Сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии вазорат изҳор намуд, ки дар доираи Ёддошти тафоҳуми аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират 15 феврали соли 2006 ба имзорасида ҳамкории Вазорати корҳои дохилӣ бо созмони мазкур дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, дар самтҳои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, аз қабили савдои одамон, шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Бо дастгирии ин созмон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар чандин конференсияву семинарҳо иштирок намуда, таҷрибаи дигар кишварҳоро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати ҳамкории мутақобилан судманд дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки созмони онҳо минбаъд низ ҳамкории дуҷонибаро дар ин самт вусъат мебахшад.

АМИТ "Ховар"