Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар ҳолатҳои заминҷунбӣ ва офатҳои табиӣ дастгирӣ менамояд

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади таҳкими иқтидори Тоҷикистон дар омодагӣ ба офатҳои табиӣ ҷамъомад доир гардид. Дар ҳамоиши   мазкур ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҷҳизоти нави иттилоотӣ туҳфа карда шуд.

Таҷҳизоти нав аз GPS навигаторҳо, дастгоҳҳои наворбардорӣ, ноутбукҳо, планшетҳо ва принтерҳо иборат буда, аз он кормандони Маркази идораи иттилоот ва таҳлил  (IMAC) дар вилояти Суғд барои баҳогузорӣ ва пешгӯии хатари офатҳои табӣӣ, инчунин бо мақсади ҷамъоварӣ, таҳлил ва сари вақт паҳн кардани маълумот оид ба ҳолатҳои фавқулода истифода хоҳанд бурд.

«Дар Тоҷикистон эҳтимолияти сар задани офатҳои табиӣ, ки аз он дар аксари ҳолат қишри осебпазири аҳолӣ зарар мебинад, бисёр ба назар мерасад. Таҷҳизоти мазкур ба мамлакат барои сари вақт омода будан ба ин офатҳо ва кам кардани хатар кумак мекунад», — изҳор дошт директори намояндагии БОҶ дар Тоҷикистон Алберто Корейя Мендес.

Мавсуф зикр намуд, ки «ин таҷҳизот иқтидори IMAC-ро дар арзёбӣ ва баҳогузории офатҳои табиӣ баланд бардошта, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аксуламали саривақтӣ ва самаранок ба хатари табиӣ ёрӣ хоҳад дод».

Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон инчунин барои баланд бардоштани иқтидори мақомоти дахлдор дар кам кардани хатари офатҳои табиӣ, омодагии ҳаматарафа ба ҳолатҳои фавқулода ва чораҷӯии саривақтӣ дар чунин ҳолатҳо фаъолият мебарад.

Ёдовар мешавем, ки чор соли охир БОҶ бо мақсади бунёди ҷомеаи ба офатҳои табиӣ устувор ва пешбурди фаъолияти кумита дар байни аҳолӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистонро тавассути расонидани кумаки техникӣ, таъмин намудан бо таҷҳизот, ташкили тренинг ва омӯзишҳои ҳаматарафа ба кормандон дар сатҳи маҳаллӣ ва вилоятӣ  дастгирӣ менамояд.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода  ба БОҶ барои кумак ва дастгирӣ изҳори сипос намуда, пешниҳод намуд, ки минбаъд низ дар соҳаи омодагӣ ба офатҳои табиӣ ҳамкориро вусъат бахшанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: