Бахтовари Ҷамшед

Бахтовари Ҷамшед 27-уми сентябри соли 1989 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Ӯ соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналисти байналхалқӣ хатм намудааст. Бахтовар фаъолияти кориашро соли 2008 дар Идораи ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии “Телевизиони Тоҷикистон” чун муҳаррир оғоз карда, то кунин дар ин муассиса кор мекунад.
Вай муаллифи барномаҳои «Мову Шумо», «Саҳани Сухан», «Нерӯи зеҳнӣ», «Ояндасоз» ва «Пайғоми рӯшноӣ» мебошад. Бахтовар бо унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурри Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.