Ашӯрова Лола Баҳриддиновна

Ашӯрова Лола Баҳриддиновна 22-юми феврали соли 1995 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Дар баробари тањсил дар мактаби миёна, дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ихтиёрӣ 4 сол фаъолият намудааст.

Соли 2013 мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм карда, худи ҳамон сол ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудааст. Донишкадаро соли 2018 бо ихтисоси журналист хатм намудааст.

Аз соли 2017 коромўз ва аз 2-юми сентябри соли 2019 фаъолияти меҳнатиашро дар идораи барномаҳои иқтисодии «Телевизиони Тоҷикистон» оғоз намудааст.

Дар баробари фаъолият дар телевизион барои гирифтани маълумоти дуюм аз соли 2020 дар факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил дорад.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд. Айни замон дар идораи барномаҳои кишоварзӣ, обёрӣ ва ислоҳоти замин кор мекунад