Ба шарафи Рӯзи Президент ва ба кор андохтани аввалин агрегати неругоҳи «Роғун» дар Хуҷанд барномаҳои оммавӣ баргузор мегарданд

Дар маркази вилояти  Суғд — шаҳри Хуҷанд баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор андохтани аввалин агрегати Неругоҳи барқи обии  «Роғун» барномаҳои зиёди оммавӣ роҳандозӣ мегарданд.

Аз ҷумла, дар ин рӯз тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамаи муассисаву ташкилотҳои шаҳр тамошои оммавии пахши мустақими ба кор андохтани чархаи якуми Неругоҳи барқии обии «Роғун» ташкил карда шуда, инчунин ин рӯйдоди таърихӣ тариқи мониторҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр намоиш дода мешавад.

Тавре масъулини дафтари матбуоти раиси шаҳр хабар доданд, чанд рӯз аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ конфронсҳои илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Садоқат ба Президент — садоқат ба Ватан», «Пешвои миллат ва шинохти манзалати чеҳраҳои мондагори таърихи тоҷикон», озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Пешвои муаззами мо», мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, барномаҳои фарҳангию маърифатӣ ва консертӣ гузаронида мешаванд.

Бахшида ба ин санаҳои муҳим бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушод оид ба каратэ-до WKF байни кўдакон, наврасон ва ҷавонон баргузор гардид. Дар он 236 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Ҳамзамон 17 ноябри соли равон дар назди Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ вобаста ба ин рӯзҳои таърихӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивал–озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ, ки давоми моҳҳои июл – ноябр бо иштироки намояндагони 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷараён дошт, бо баргузории барномаи калони фарҳангӣ ҷамъбаст мегардад.

АМИТ "Ховар"

Tags: