«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ МИЛЛАТ». Муассисаи нашриявии «Ирфон» ҷилди 21-уми силсиламаҷмӯаи Пешвои миллатро ба нашр расонид

ТВТ. 25.05.2022. Ҷилди 21-уми силсиламаҷмӯаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бо теъдоди 1000 нусха, дар ҳаҷми 16,25 ҷузъи чопӣ аз ҷониби ҶДММ «Сифат чоп» ба нашр расид. Ин шоҳасари бузурги таърихиро Муассисаи нашриявии «Ирфон» ба нашр омода намудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур.

Дар китоби мазкур суханрониҳо дар ҷаласаву вохӯриҳо, изҳорот, муроҷиатномаҳо ва табрикоти ҷашнии Сарвари давлат тайи соли 2021 гирдоварӣ шудаанд.

Дар силсиламаҷмӯа асосан роҷеъ ба рушди бемайлони хоҷагиҳои гуногуни халқи мамлакат, дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихору ҳувияти миллӣ тарбия намудани ҷавонон ва наврасон, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтиром ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткорию қонуншиканиҳо, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар масъалаҳои муҳиму рӯзмарра сухан меравад.

Ин ҷилд аз китобҳои нашргардидаи қаблӣ ба куллӣ фарқ менамояд. Агар дар ҷилдҳои пешина таҳиягарон танҳо ба суханрониҳо, вохӯриҳо, муроҷиатномаҳо ва табрикоти ҷашнии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя намуда бошанд, пас дар ҷилди 21 онҳо баробари нашри фаъолияти расмии Сардори давлат зери унвонҳои «Феҳристи мавзӯъҳо», «Феҳристи номҳои ҷуғрофӣ», «Феҳристи ашхос» дақиқ ва дар кадом саҳифаи чопӣ нашр гардидани номҳои вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, муассисаҳо, мактабҳо, барномаҳои давлатӣ, номҳои давлатҳо, пойтахтҳо, шаҳраку деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, қитъаҳои корӣ, иншооти сари вақт ва бо сифати баланд супоридашуда, ному насаби шоиру нависандагон, арбобони ҷамъиятию сиёсии мамлакат ва хориҷи кишварро инъикос намудаанд. Албатта, ин амал ба хонандагон имкон фароҳам меорад, ки саҳифаҳои алоҳидаи китобро варақгардон накарда, бевосита аз саҳифаи феҳристҳо матлаби зарурии хешро дарёфт намоянд.

Барои бо сифати баланд ба дасти чоп расидани ин силсиламаҷмӯаи барҷастаи таърихӣ қариб ҳамаи кормандони Муассисаи нашриявии «Ирфон» саҳм гузоштаанд. Мураттибони китоб Анвар Асозода, Қурбон Ғуломзода ва муҳаррир Саидмурод Рабиев кӯшиш ба харҷ додаанд, ки суханрониҳо, муроҷиатномаҳо, изҳорот ва табрикоти ҷашнии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шакли пурра ва бо ороиши баланди бадеӣ пешкаши хонандагони нуктасанҷ гардонида шаванд.

Силсиламаҷмӯаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шуда, онҳоро бо ҳадафҳои асосии сиёсати давлати Тоҷикистон, вохӯрию суханрониҳои пурмӯҳтаво ва асосноки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидаанд, шинос менамояд.

 

Манбаъ:АМИТ «Ховар»

Tags: