Арзиш ва аҳамияти Истиқлолият

«Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
Мардуми Тоҷикистон Рӯзи истиқлолияти давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ ҳар сол ҳамчун ҷашни бузурги умумимиллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.
Соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тоҷикон рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархурдор аст.
Ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст.
Чунонки аз сарнавишти бисёр қавму миллатҳои сайёра бармеояд, соҳибистиқлолӣ насиби ҳар халқ намегардад. Зеро ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва барпо намудани давлати соҳибихтиёр ғайр аз ин, ки бо имконияти таърихии ҳар халқу миллат иртибот дорад, инчунин аз ҳар фарди миллат бедориву ҳушёрӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, кору фаъолияти содиқонаву софдилона ва саъю кӯшиши доимиро талаб мекунад».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон