Аҳтам Абдуллозода: «Соҳаи тандурустии Тоҷикистон иқтидор дорад бо чунин пандемияи мушкилу мураккаб муқовимат намояд ва пирӯз ояд»

Натиҷаи муқовимат бо бемории COVID-19 нишон дод, ки дар маҷмӯъ соҳаи тандурустии Тоҷикистон иқтидор дорад, то бар зидди чунин як пандемияи мушкил ва мураккаб муқовимат намояд ва пирӯз ояд. Ин нуктаро 7 сентябр муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зимни ҳамоише, ки дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён дошт.

Зикр шуд, ки  таърихи миллати тоҷик шурӯъ аз давраи Абӯалӣ ибни Сино  то ба имрӯз  бори дигар исбот намуд, ки тандурустӣ  муҳимтарин соҳа  дар рушди давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро таъмини саломатии аҳолӣ яке аз рукнҳои асосии  амнияти давлат ва пешрафти он маҳсуб меёбад.

Аҳтам Абдуллозода инчунин аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат имрӯз барнома, стратегия, консепсия ва дигар ҳуҷҷатҳои барномавию стратегии рушди соҳаи тиб қабул гардида, онҳо дар рушди соҳа таъсири амиқ мегузоранд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҳозиринро бо  29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз дастгириҳои бевоситаи давлату ҳукумат нисбат ба соҳаи тандурустӣ дар давраи истиқлолият ёдовар шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: