Таомҳои миллии фаромӯшшударо эҳё бояд кард! Дар Душанбе Фестивали «Таомҳои миллӣ» баргузор мегардад

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории фестивали «Таомҳои миллӣ» дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Даврҳои якум ва дуюми фестивал тибқи муқаррароти Низомномаи фестивали ҷумҳуриявии «Таомҳои миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, ки бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2019 тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор карда мешаванд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивал бо мақсади иҷрои банди 13 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, инчунин бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 роҳандозӣ мегардад.

Бояд хотиррасон кард, ки теъдоди зиёди таомҳои миллии тоҷикон бо мурури замон аз ёди наслҳо рафта, имрӯз мавриди пухтупаз қарор намегиранд. Ҳадаф ва мақсади баргузор намудани чунин фестивалҳо ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад.

Оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, орбирён, тухмшӯрбо, пиёзпиёба, лӯбишӯрбо, дӯлмашӯрбо, баракшӯрбо, моҳишӯрбо, мошубиринҷ, мастоба, мастобаи қиммадор, угро, манту, тушбера, қурутоб, суманак, самбӯса, гӯштбирён, кабоб, мурғбирён, тухмбирён ва бисёр дигар номгӯи таомҳои миллии тоҷиконро метавон номбар намуд, ки пухтупази онҳо ҳамчун ҳунарҳои суннатии аҷдодӣ то ба имрӯз ба мерос мондаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.

АМИТ «Ховар»  

Tags: