70-СОЛАГӢ МУБОРАК! Андешаҳои Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода оид ба бурду бохти ин боргоҳи илму маърифат

Соли 1948 дар ҳаёти  илмиву мадании Тоҷикистон рӯйдоди бузурге ба амал омад – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфт. Солҳои аввали таъсис он Доншгоҳи давлатии Тоҷикистон ном дошт, дорои 3 факултет буд ва дар он 250 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Соли равон аз таъсис ёфтани он 70 сол сипарӣ гардид ва имрӯз донишгоҳ  дорои 19 факултет ва 117 кафедра мебошад. Дар донишгоҳ зиёда аз 20 нафар ҳазор донишҷӯён дар шӯъбаҳои рӯзонаву ғоибона таҳсил доранд. Ҳудуди ҳазор нафар устодони дорои дараҷаҳои гуногуни илмӣ ба онҳо дарс мегӯянд. Ин нуктаҳоро  Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА дар матлабе ба муносибати таҷлил намудани 70-солагии ин боргоҳи илму маърифат ба АМИТ «Ховар» баён дошт.

Матни пурраи андешаҳои Муҳаммадюсуф Имомзодаро пешниҳоди хонандагони сомона мегардонем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  24 октябри соли 2008 дар суханронии худ ба муносибати 60-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баён дошта, чунин гуфтанд: «Ин боргоҳи илму маърифат ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли мо нақши хосса ва бузург дорад. Зеро ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки дар он хатмкардагони донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд.

… Аз ҷумла ман низ хатмкардаи ҳамин боргоҳи маърифат ҳастам ва аз ин ифтихор дорам».

Ба сифати муқаддимаи гуфтор қарор додани ин суханони Пешвои муаззами миллат ҳадафи хос дар пай дорад. Чун Роҳбари давлат ифтихор аз он доранд, ки хамткардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.  Пас имрӯз ҳар як хатмкардаи ин донишгоҳ ба маротиб бояд аз он ифтихор намояд, ки замоне ин даргоҳро дар радифи Роҳбари давлат ва дигар бузургфарзандони миллат хатм намудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 70-сола шуд. Ҳам дар гузаштаву ҳам имрӯз дар садри муассисаи илмиву таълимии олии мамлакат буд ва хоҳад монд. На танҳо хатмкардагони ин даргоҳ, балки бояд ҳар як хурду бузурги мамлакат ифтихор дошта бошад, ки ин даргоҳи муқаддаси маънавӣ имрӯзҳо ҷашни ҳафтодсолагии худро таҷлил менамояд. Имрӯз дар кишварамон хонадоне нест, ки ягон пайванду алоқамандие ба Донишгоҳи миллӣ надошта бошад. Махсусан, мақоми миллӣ пайдо кардани он дар замони истиқлол ба ин ҳукми мо гувоҳ аст. Ҳафт даҳсоларо паси сар кардани донишгоҳ маънии онро дорад, ки ин таълимгоҳи муҳташами илму маърифат дар тарбияи чандин насл нақш гузоштааст.

Дар ҳақиқат соли 1948 дар ҳаёти  илмию фарҳангии ҷумҳурии мо рӯйдоди бузург ба амал омад. Заминаи он аз 21 марти соли 1947 оғоз мешавад, ки бо қарори Вазирони ИҶШС оид ба таъсис додани Университети давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС И.Сталин ва Раиси умури идораи он П.Чадаев ба имзо расида буд.

Мавриди зикр аст, ки дар таъсиси ин донишгоҳ нақшу талоши роҳбари вақти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров чашмрас мебошад. Маҳз бо ташаббуси ин фарзанди фарзона ва қаҳрамони миллат аз ҷониби КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ба вазири вақти мактабҳои олии ИҶШС С.Кафтанов муроҷиат карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои ташкили донишгоҳ иҷозат диҳанду мусоидат намоянд. Чун донишу кордонӣ ва сухану мавқеи Б.Ғафуров дар миқёси Иттиҳод маълум буд, ин пешниҳод зуд пазируфта шуд.

Аввалин ректори донишгоҳ бо пешниҳоди С.В.Кафтанов олими шинохтаи тоҷик Зариф Раҷабов интихоб гардид. Моҳи августи соли 1948 донишгоҳ 250 нафар донишҷӯёни аввалинро ба оғӯши худ фаро гирифт. Соли аввали таъсис донишгоҳ ҳамагӣ се факултет дошт, ки аз рӯи барномаҳову нақшаҳои таълимии аз Москва пешниҳодшуда фаъолияташонро ба роҳ мегузоштанд. Зариф Раҷабов ба ин даргоҳ беҳтарин устодону олимонро ҷалб мекард.  Михаил Степанович Андреев ва Александр Александрович Семёнов аз ҷумлаи бузургтарин олимону нахустустодоне буданд, ки дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ манзалату нуфуз доштанд. Ҳамин тавр, дар аввалин соли таъсис донишгоҳ бо се факултаву сенздаҳ кафедра ба таълиму таҳқиқ оғоз кардааст. Аз оғоз дар ин даргоҳ ҷиддияту масъулият дар пояи баланд қарор дошт. Номзадии ҳар як мудири кафедраро дар Вазорати маълумоти олии ИҶШС, дар Москва тасдиқ мекарданд. Олимону мутахассисони арзанда ба тадрис интихоб мегардиданд.

Дар ташкили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон марказҳои бузурги илмиву таълимии Иттиҳоди Шӯравӣ, ба монанди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Қазон, Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ва амсоли он нақш доштанд. Дар ин самт кумаку мусоидатҳои нахустин донишкадаи олии Тоҷикистон – Институти омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко истисно буда наметавонад. Донишгоҳи навтаъсис дар кӯтоҳтарин фурсат неруи худро қавӣ менамуд. Дар ҷалби устодону олимони варзидаи марказҳои бузург ва кадрҳои маҳаллӣ роҳбарияти донишгоҳ кӯшишҳои зиёд мекард. Ин буд, ки профессорони шинохта А.А.Семёнов, М.С.Андреев, В.А.Ратсиборский, С.Ф.Машковтсев чун роҳнамои олимону мутахассисони маҳаллӣ бо садоқатмандӣ дар тарбияи кадрҳо ҳисса мегузоштанд.

Ш.Ҳусейнзода, Б.Ниёзмуҳаммадов, Ҳ.Каримов, Ф.М.Меринг, М.Ш.Шупикова, К.А.Богомолова, Ф.С.Павлюк, К.Н.Гаврилкин, С.Д.Арзуманов, Т.Каримов ва дигарон аз нахустин олимону устодони маҳаллӣ ба шумор мерафтанд. Заминаи илмиву таълимӣ бо низоми хос қавӣ мегардид. Чунончӣ, дар давоми солҳои ректории З.Раҷабов (1948-1954) дар шӯроҳои дифои донишгоҳ 30 нафар унвонҷӯйҳо, ки бештаринашон аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ буданд, рисолаҳои худро дифоъ карданд. Соли 1951 аввалин конфронси илмии донишҷӯён баргузор гардида буд, ки шоҳроҳи илму таҳқиқи донишгоҳро асос мегузошт.

Донишгоҳ соли аввали таъсис бо душворӣ дар бинои донишкадаи омӯзгорӣ фаъолият мекард. Соли 1949 бинои собиқ кумитаи ҳизбии вилояти Сталинобод ба ихтиёри донишгоҳ дода шуд, ки то ҳол ҳамчун симои донишгоҳ бо номи бинои марказӣ барои ҳамагон маълум аст.

Инкишофу камол ёфтани ин даргоҳи имрӯз бузургу муқаддаси миллат осон набуд. Ҳамаи дарсҳо дар ин бино дар се баст аз соати ҳашт то бистусеи шаб идома меёфт. Бо гузашти вақт барои донишҷӯёну аспирантону устодони донишгоҳ хобгоҳҳо бунёд мегардиданд. Теъдоди донишҷӯёну устодону муҳаққиқон сол то сол меафзуд. Агар соли нахустини таъсис донишгоҳ ҳамагӣ 250 нафар донишҷӯ дошта бошад, соли таҳсили 1970-1971 ин теъдод то ба 12 ҳазору 467 нафар расидааст, ки дар замони пурҷӯшу хурӯши шӯравӣ яке аз солҳои сердонишҷӯтарин будани ин донишгоҳро нишон медиҳад. Давоми фақат даҳ соли аввали фаъолияти шӯроҳои ҳимоя (1951-1960) 1 ҳазору 032 нафар рисолаҳои худро дифоъ карда буданд. Донишгоҳ дар таҳқиқу пажӯҳишҳо мустақил мегашт ва шӯрои илмии донишгоҳ аввалин маротиба соли 1952 унвони профессориро ба С.Юсуфова додааст.

Маълум аст, ки дар давраҳои гуногун роҳбарони донишгоҳ бо донишу маҳорату кордонии худ дар пешрафту шукуфоии донишгоҳи бузурги кишварамон ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Аввалин ректори донишгоҳ Зариф Раҷабов (27.02.1948- 20.01.1954) бо ҳамроҳии ноибони худ- олимони шинохта С.Табаров ва Н.К.Гаврилкин дар пойдевори ташаккули донишгоҳ саҳми сазовор гузоштаанд. Баъдан дар солҳои гуногун ректорҳои дигари донишгоҳ Ибодулло Назриқулов, Солеҳ Раҷабов, Пӯлод Бобоҷонов, Талбак Назаров, Исмоил Давлатов, Фозил Тоҳиров, Ҳабиб Сафаров, Ҳайдар Сафиев, Саидмуҳаммад Одинаев, Нуриддин Саид ва Ҳаёт Одинаев роҳбарии ин муассисаи бузургро ба дӯш доштанд. Хидмати ҳар кадоми онҳо дар пешрафти донишгоҳ бузург мебошад ва корнамоиву нақши онҳо кайҳо боз бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърихии донишгоҳ  сабт ёфтаанд.

Истиқлолияти кишвар ба донишгоҳи азизамон низ истиқлолу болу пар бахшидааст. Маҳз дар замони истиқлол ин маркази бузурги илмиву таълимӣ ба Донишгоҳи миллӣ табдил ёфт. Насими истиқлоли кишвар дар иқтидору нуфузи донишгоҳ таъсири ҷиддӣ мегузошт.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 ин даргоҳи муқаддас Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд. Теъдоди факултету кафедраҳо афзоиш меёфт. То соли 1990 донишгоҳ ҳамагӣ 13 факултет дошт. Имрӯз донишгоҳ  дорои 19 факултет ва 117 кафедра мебошад. Фақат дар солҳои 1990-1995 теъдоди шӯроҳои ҳимоя аз 5 то 11 адад афзудааст. Дар донишгоҳ феълан ҳудуди зиёда аз 24 ҳазор нафар донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона таҳсил доранд. Ҳудуди ҳазор нафар устодони дорои дараҷаҳои гуногуни илмӣ ба донишҷӯён дарс мегузаранд. Имрӯз дар донишгоҳ 13 академик, 14 узви вобаста, 152 профессор ва 525 дотсент фаъолият доранд, ки ин иқтидори бузурги донишгоҳро бозгӯ менамояд.

ДМТ бо равияи таълимиву таҳқиқии худ дар аввалин даҳсолаи истиқлолият марҳилаи ташаккул ва суръатафзоиро паси сар кардааст. Илму таҳқиқ дар сохтори донишгоҳи мазкур мавқеи густурдаеро соҳиб мебошад. Соли 2016 ҳангоми вохӯрии Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар таҳияи Консепсияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2050 таъкид гардид, ки дар иҷрои ин консепсия нақши ДМТ хеле бузург буда метавонад. Зеро иқтидори илмиву зеҳнии донишгоҳ дар қиёс бо дигар марказҳои таълимиву таҳқиқӣ хеле калон аст. ДМТ он ошёне буд ва ҳаст, ки хатмкардаҳои он дар тамоми ҷабҳаҳо фаъол мебошанд ва дар фатҳи қуллаҳои бузург муваффақ гардидаанд. Дар амал татбиқ гардидани коркардҳои илмии донишгоҳ баъд аз солҳои 2000 суръати хос пайдо кардааст.

Феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо зиёда аз 170 муассисаи таълимию илмии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, бо кишварҳои Афғонистон, Покистон, Лаос, Ветнам, Чин, Австралия, Германия, ИМА, Россия, Беларус ва дигар кишварҳои Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико робитаҳои судманди донишгоҳ барқарор аст. Чандин роҳбарони давлатҳои дуру наздик дар замони истиқлолият меҳмонони фахрии донишгоҳи миллӣ шудаанд. Мулоқоту суҳбатҳо бо намояндагони баландпояи корпусҳои дипломатӣ, сафирон ва намояндагони созмону ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ дар донишгоҳ падидаи маъмулӣ мебошад. Табодули устодону аспирантон бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар рӯз то рӯз тавсеа меёбад. Имрӯз ҷавонони зиёда аз понздаҳ кишвари ҷаҳон дар Донишгоҳи миллӣ таҳсил доранд. Аз соли 2009 инҷониб маркази омӯзиши забонҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ амал менамояд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони истиқлолият мактабҳову равияҳои хоси илмӣ ташаккулу такмил ёфтаанд. Имрӯз мактабҳои илмӣ дар соҳаи химия, биология, геология, физикаву математика, педагогика, фалсафа, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ ва таърих, филология, шарқшиносӣ ва журналистика амал менамоянд, ки аллакай ба шоҳроҳи бузурги таълимиву илмӣ табдил ёфтаанд. Шогирдони ин мактабҳо на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ тавонистаанд соҳиби мавқеи шоиста шаванд. Имрӯз ҳар фарди ба донишгоҳ алоқаманд ба дурнамоми неки рушди таҳсилот ва илму таҳқиқ дар ин даргоҳ эътимод дорад ва дар ин роҳ саҳм низ мегузорад. Имрӯз дар назди ДМТ Институти илмию тадқиқотӣ, маркази биотехнологӣ, парки технологӣ, литсеи равияи табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ, нашрияи донишгоҳӣ, маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума, матбааи донишгоҳ ва амсоли он амал менамоянд, ки маҷмӯан иқтидору неруи донишгоҳи муқтадири ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.

Мояи шарафмандии мост, ки аз аввалин рӯзҳои фаъолияти роҳбарияшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи беандоза доранд. Чандин маротиба меҳмони донишгоҳи азизамон гаштаанд ва суҳбату мулоқоти самимонаро бо донишҷӯёну устодони ин даргоҳ анҷом додаанд. Маҳз бо кумаку мусоидати Пешвои миллат донишгоҳ дар замони истиқлолият соҳиби чандин хобгоҳҳои замонавӣ ва биноҳои нави таълимӣ гардидааст. Ба самти тарбияи кадрҳо ва рушду инкишофи илм дар ин даргоҳ таваҷҷуҳи доимӣ доранд. Боз ҳам ифтихори ҳар яки мост, ки аксари кадрҳои роҳбарикунандаву баландпояи ҷумҳурӣ хатмкардагони ДМТ мебошанд. Донишгоҳ имрӯз маркази тавонманди идеологӣ ба ҳисоб меравад. Дар рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеа нақши амиқро соҳиб аст. Дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ки насли ояндасози ватанамон мебошанд, нақши густурда дорад.

Албатта, дар чанд саҳифа наметавон тамоми паҳлуҳои фаъолияти имрӯзу гузаштаи донишгоҳро фаро гирифт. Он чи дар боло зикр карда шуд, танҳо нигоҳи умумиву мухтасари шинохти ин донишгоҳ аст ва дастоварду комёбиҳои он давоми ҳафтод сол беназиру беҳудуд мебошанд.  Таърихномаву хислатномаи ин донишгоҳи бузург даҳҳо ҷилд китоб аст. Бо ин ҳама бори дигар 70-солагии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанон табрик мегӯем ва орзуманди он ҳастем, ки ин даргоҳ бо камоли ояндаи худ садсолаҳо барои миллату давлатамон хидматҳои шоиста анҷом диҳад.

АМИТ "Ховар"