БОЗИҲОИ ОСИЁ-2017: варзишгарони тоҷик дар Ашқобод 38 медал ба даст оварданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи нуҳуми 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ соҳиби 4 медал – 2 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзи нуҳуми  мусобиқот медалҳои нуқраро Ҷомии Ҳасан дар самбо ва Искандари Рустам дар гӯштини озод ба даст оварданд. Ҷомӣ дар даври чорякфинал варзишгари Қазоқистон Ербол Ардухан ва дар даври нимфинал варзишгари Ӯзбекистон Саттор Эргашевро шикаст дода, дар финал аз варзишгари дигари Қазоқистон Беймет Канжанов мағлуб гашт. Искандари Рустам дар даври ҳаштякфинал варзишгари афғон Сардор Нодирӣ, дар чорякфинал Такашӣ Ишигурои японӣ, дар нимфинал Бакдайлет Алментайи қазоқистониро мағлуб карда, дар финал аз варзишгари Эрон Моҷтаба Голейҷ шикаст хӯрд.
Дар маҷмӯъ, варзишгарони тоҷик то имрӯз дар Ашқобод 38 медал ба даст овардаанд.

АМИТ "Ховар"