150 нафар наваскарон аз майдони Қалъаи Ҳисор ба сафи Артиши миллӣ рафтанд

3 апрел дар майдони Қалъаи Ҳисор маросими шаҳрии гусели 150 нафар наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он  раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратӣ, падару модарони наваскарон ва ҷавонони шаҳр иштирок намуданд.

Раиси шаҳр ба 150 нафар наваскароне, ки ихтиёран барои адои қарзи шаҳрвандӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир шуданд, хизмати содиқонаро  дар сафи Артиши миллӣ  ва ҳифзи марзу буми мамлакат таманно намуд.

«Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як  ҷавонмард шараф ва қарзи инсонӣ буда, аз наваскарон қавиродагӣ, чусту чолокӣ, ҳушёрӣ, далерию шуҷоат, дӯст  доштани Ватан ва чун гавҳараки чашм ҳифз намудани обу хоки сарзаминамонро тақозо менамояд»,-гуфт раиси шаҳри Ҳисор.

Маросими гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ дар шаҳри Ҳисор бо барномаи рангини аҳли ҳунари шаҳр, ки фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона буд, ба анҷом расид.

АМИТ «Ховар»