Бунёди майдончаҳои нави варзишӣ дар шаҳри Душанбе

Дар идомаи тадбирҳои ободонию созандагӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, умуман рушди соҳаи варзиш дар мамлакат, дар шаҳри  Душанбе бунёди  майдончаи хушсохту муосири варзишӣ бо шароити лозимаи машқу тамрин ва васоити дилхушии кўдакону наврасон, идома дошта, дар пайи ин тадбирандешиҳо  ба фаъолияти як чанд иншоотҳои варзишӣ расман ифтитоҳ бахшида шуд.  Майдончаи варзишӣ воқеъ дар шаҳркаи 21 кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ назди биноҳои  истиқоматии 21/1 ва 18-и ноҳияи Фирдавсӣ аз зумраи иншооти навбунёди солимгардоне буд, ки дар рӯзи варзишгарон бо иштироки роҳбарияти МИҲД ш. Душанбе, фаъолони шаҳкар  ва дигар масъулони соҳа мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бунёд гардид. Корҳои бунёдӣ дар ин ҷо бо маблағгузории  Вазорати корҳои хориҷӣ, бо сарфи 923 ҳазору 696 сомонӣ  иҷро гардид.  
Дар шаҳраки истиқоматии-2 воқеъ дар хиёбони Саъдӣ Шерозии ноҳияи Синои пойтахт низ дар масоҳати 1610 метри мураббаъ, бо имконоти фаррохи баргузории бозиҳои варзишӣ барои ҷавонону наврсон ва ҷойи алоҳида барои гаштугузору бозии кўдакон як иншооти варзишию фароғатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Майдончаи мазкур аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудрадчӣ ҶДММ “Болҳои Сафед” иҷро гардидааст, ки мутобиқи замон мебошад. Тавре иттилоъ дода шуд, бунёди майдончаи мазкур моҳи марти соли 2017 оғоз гардида, маблағи он 794 ҳазору 631 сомониро дар бар мегирад.  Зимни шиносоӣ бо сифати корҳои анҷомшуда дар иншооти мазкур масъулин таъкид доштанд, ки ҷавобан ба дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти шаҳри Душанбе, ҷавонону наворсон, ба ҷой беҳудагардонию рафтан ба нуктаҳои дилхушӣ  дар ин ҷо ба варзиш машғул гардида, ҳам саломатии хешро ҳифз созанд ва ҳам дар рушди варзиш саҳм гузоранд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин як макони истироҳату фароғат бо шароити зарурӣ, мушкилоти бошандагони кўчаи Саъдӣ Шерозии ноҳияи Синои пойтахтро ҳам аз байн бурда, барои хурсандиву нишоти ҳамешагии кўдакону наврасон боис гардид. Лоиҳаи майдончаҳои варзишӣ  аз ҷониби  КВД «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» тасдиқ карда шудааст.
Сокинони кўчаи Алишер Навоии ноҳияи Сино низ соҳиби як макони алоҳида барои баргузории бозиҳои варзишӣ ва ҷой барои дилхушии кўдакон гардиданд. Майдончаи зебову замонавӣ дар масоҳати 1915 метри мураббаъ, аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об дар назди биноҳои истиқоматии 21 ва 23 кўчаи Алишер Навоӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Истиқоматкунандагони ин маҳалла аз бунёди чунин як иншооти солимгардонӣ ва фароғатии кӯдакон хушҳол буданду ба дастандаркорон изҳори минатдории бепоёни худро дареғ намедоштанд.

ТВ Варзиш