Варзишгари маъруфи тоҷик Лоиқ Раҷабов нахустин қувваозмоияшро дар доираи лигаи PFL-и Амрико анҷом медиҳад

Пагоҳ, 23 апрел  варзишгари шинохтаи тоҷик Лоиқ Раҷабов нахустин қувваозмоияшро дар доираи лигаи PFL-и Амрико анҷом медиҳад. Рақиби ӯ Алекс Мартинеси то ҳол мағлубнашуда аз Парагвай мебошад. Дар ин бора  шореҳи варзиши ТВ «Варзиш» Муродалӣ Тешаев  ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар дод.

Муборизаи мазкур дар ИМА баргузор мешавад. Аслан набарди Лоиқ Раҷабов бо варзишгари  амрикоӣ-Ҷонни Кейс ба нақша гирифта шуда буд. Рақобат бояд 21 апрел баргузор мешуд, аммо бино ба гузориши расонаҳо, Ҷонни Кейс барои зӯроварии хонаводагӣ боздошт ва дар ҳабс дар Невада қарор дорад. Муборизаи Раҷабов аз 21 апрел ба 23 апрел мавқуф гузошта шуд ва рақиби ӯ Алекс Мартинеси то ҳол мағлубнашуда аз Парагвай гардид.

Мартинес бидуни бохт дар 7 муҳориба ғалаба кардааст. Омори Раҷабов низ бад нест: 17 муҳориба- 14 ғалаба.

Рақобат дар Ocean Casino Resort Atlantic City ва дар вақти мувофиқ дар ИМА баргузор ва дар зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон мустақиман пахш хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Раҷабов дар байни сокинони Тоҷикистон бо ҳунарнамоиҳои муваффақонаи худ дар лигаи PFL -и Амрико, ки дар мавсими гузашта ба финал баромада буд, машҳур аст. Дарвоқеъ, ғолиби ин мусобиқа 1 млн. доллар ба даст овард. Пеш аз ин Лоиқ дар мусобиқаҳои гуногуни муҳорибаҳои омехта дар Германия, ки 4 соли охир дар он ҷо сукунат дошт, баромад мекард.

Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Вай мактаби миёнаи N77 Душанбе, инчунин Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси истифодаи роҳҳои оҳан хатм кардааст.

Лоиқ Раҷабов фаъолияти касбии худро соли 2012 оғоз кардааст. Соли 2015 ин варзишгар ба Германия кӯчида, дар толори зодаи Тоҷикистон Олег Шодиев ба тамринҳои муҳорибаҳои омехтаю тан ба тан шурӯъ кард. Дар Германия ӯ дар мусобиқаҳои муҳорибаҳои омехтаю тан ба тан соҳиби чаҳор камарбанд шудааст.

То имрӯз Раҷабов дар 17 муҳориба ширкат карда, 14 ғалаба, 1 мусовӣ ва 2 бохт дорад.

АМИТ «Ховар»