Зулфия Давлатзода дар ҷаласаи 17-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай сухан гуфт

10 сентябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар ҷаласаи 17-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ба таври онлайн баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа намояндаи котиботи СҲШ, вазирони фарҳанг аз Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон ва Чин иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг, баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳа баррасӣ гардиданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз дошт, ки «ҳамкории фарҳангӣ байни кишварҳои узви СҲШ ба анъанаи нек табдил ёфтааст ва ба ташаккули фазои умумии фарҳангӣ дар минтақа мусоидат менамояд. Зеро фарҳанг барои таҳкими дӯстии байни давлатҳо нақши мусоид дорад».

— Ба шарофати таваҷҷуҳи доимӣ ва амиқи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди фарҳанг дар давлати мо ҳамасола барномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг бомуваффақият амалӣ мегарданд, — зикр намуд мавсуф.

Зимни ҷаласаи 17-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Вазири фарҳанги Тоҷикистон оид ба корҳои иҷрошуда ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкории фарҳангӣ бо ҳар як кишвари узви СҲШ маълумот дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: