Зиёда аз 580 нафар сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ савганд ёд карданд

Дар Маркази таълимии «Ҳалқаёр»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 580 нафар сарбозони даъвати тирамоҳии соли 2017 бо баровардани байрақи ҷангӣ дар маросими тантанавӣ савганд ёд карданд.

Ба иттилои номбурда, дар маросими тантанавии савгандёдкунӣ роҳбарияти ноҳияи Панҷ, қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳайати шахсии маркази таълимӣ, собиқадорон, падару модарон ва меҳмонон иштирок намуда, дар таҳсилу хизмати оянда ба наваскарон муваффақият орзу намуданд.  Зикр гардид, ки мубориза бар зидди ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ, бахусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар афсару сарбоз омодагии доимии ҳарбиро тақозо менамояд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ- ин садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ мебошад.
Хизмат ба Ватан бояд барои ҳар сарбозу афсар ифтихору шараф бошад ва онҳо Ватанро ҳамчун модари худ дӯст дошта, мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.

АМИТ "Ховар"