Ҳафтаи гузашта Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе дидан карда, бо арзи эҳтиром ба пояи муҷассами Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» гулчанбар гузошт.
Ҳамзамон дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот аз дидору вохӯрии судманд бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев дар ҳошияи Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки моҳи июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ҳар як мулоқоту вохӯрии сатҳи олӣ ва баланд ба рушди ҳамкорӣ ва дӯстии ду давлат мусоидат менамояд.
Дар робита ба ин мавзӯъ шореҳи АМИТ «Ховар» Умед ЛОИҚЗОДА андешаҳояшро чунин иброз медорад:
-Бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Қазоқистон имрӯзҳо муносибатҳои зичи дӯстонаи худро, пеш аз ҳама, бо давлатҳои минтақа пойдор нигоҳ медорад. Дар ин замина алалхусус муносибатҳои гарми дуҷонибаи муфиди байни Қазоқистон ва Тоҷикистонро ба ёд овардан қобили зикр аст.
Ёдовар мешавем, ки 7 январи соли 2018 шаҳрҳои Душанбе ва Остона 25-солагии муносибатҳои дипломатии ду давлатро ҷашн гирифтанд. Дар тӯли чоряк аср ҳарду давлат дар баробари устувор намудани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамкории гуманитарӣ тавонистанд шарикии боэътимоди худро бар пояи боварии тарафайн бунёд созанд.
Соли 2015 зимни сафари расмии худ ба Тоҷикистон собиқ Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфта буд, ки «Қазоқистон ва Тоҷикистонро муносибатҳои анъанавии дӯстона, ки дар асоси боварӣ ва эҳтироми якдигар бунёд гардидаанд, пайваст менамоянд. Байни давлатҳои мо ихтилофи сиёсӣ ва ё иқтисодӣ умуман вуҷуд надоранд. Тоҷикистон барои мо мамлакати дӯст ба ҳисоб меравад ва дар ин асос ба пешрафти устувори он ҳавасмандем. Дар вазъияти душвори имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳони муосир мо метавонем ҳамкории муштаракро дар соҳаҳои муайяни иқтисодиёт ёбем».
Дар ҷараёни сафар шартнома дар бораи ҳамкории стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонида шуд.
Мувофиқи гуфтаҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, табодули муносибатҳои Душанбе ва Остона ба тарзи шарикии стратегӣ дар сатҳи устувор аз ҳалли масъалаҳои дуҷонибаи актуалӣ вобастагӣ дорад. Аз ҷумла:
— ҳалли масъалаҳои танзими муҳоҷирони меҳнатии тоҷик;
— мукаммалгардонии фаъолияти Хазинаи мустақими сармоягузории дуҷониба;
— мустаҳкам намудани асосҳои ҳамкории ҳуқуқии соҳаи маълумоти олӣ, бо назардошти муайян намудани квотаҳои дуҷонибаи солона барои ҷавонони ду мамлакат.
Имрӯзҳо муносибатҳои тиҷорӣ ва иқтисодии ду давлат низ рушд ёфта истодаанд. Ҳоло Тоҷикистон аз Қазоқистон орд, ғалла, равғанҳои растанӣ, бензин, равғанҳои молиданӣ, гази моеъ, мошинҳои сабукрав ва номгӯи зиёди маҳсулоти дигарро ба ивази фулузоти ранга, кабел, молҳои кимиёӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ворид менамояд.
Соли 2017 мутахассисон афзудани гардиши молҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро зикр карданд, ки он 30% зиёд шудааст ва беш аз 700 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон 7 январи соли 1993 барқарор шудаанд. Он гоҳ мувофиқи ҷамъбасти сафари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон ҳуҷҷати асосӣ- “Қарордод дар бобати алоқаҳои асосии байни Қазоқистон ва Тоҷикистон” ба имзо расид.
Моҳи июни соли 1993 дар Қазоқистон намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.
Қазоқистон яке аз кишварҳои асосие мебошад, ки ба Тоҷикистон кумакҳои гуманитарӣ мерасонад. Танҳо соли 2017 Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 20 вагон кумаки гуманитарӣ равон намуд, ки арзиши умумии он наздик ба 1 млн. доллари ИМА баробар мебошад. Илова бар ин, дар асоси қарори Ҳукумати Қазоқистон барои амалӣ сохтани барномаи суботи ҷамъиятию сиёсӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи фаъолияти тарафайни институтҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муносибатҳои байниқавмӣ низ ҳамкорӣ менамояд .
Дар зери пуштибонии ассамблеяи байниқавмӣ 8 маркази фарҳангӣ ташкил шудаанд, ки тоҷикони муқимии дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ зиндагӣ мекардагиро муттаҳид менамоянд.
Дар вилояти Қазоқистони ҷанубӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳазорҳо хонандагон бо забони тоҷикӣ таҳсил менамоянд. Ҳамасола Қазоқистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 100 ҷой барои таҳсил дар донишгоҳҳои олии кишвар ҷудо менамояд. Коршиносону дипломатҳо зикр менамоянд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди дутарафа байни Тоҷикистон ва Қазоқистон танҳо бо шарофати кӯшишу заҳматҳои пешвоёни ҳарду давлатҳо ба вуҷуд омада, роҳандозӣ шудааст. Гуфтушунид ва суҳбатҳои дӯстона ва пурмаҳсули Нурсултон Назарбоев ва Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муддати солиёни зиёди даврони соҳибистиқлолии ду давлат вуҷуд доранд, боз ҳам бемайлон рушд мекунанд. Ин дӯстии самимонаи байни ҳарду роҳбарони ду давлати бо ҳам бародар барои пешрафти муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо заминаи муҳим мегузорад.
Солҳои охир Қазоқистон тибқи нишондиҳандаҳои ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ устуворона ба рӯйхати се шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон (дар баробари Россия ва Чин) қарор дорад.
Дар айни замон созмонҳои дастгирикунандаи содирот (Казахинвест ва Казахэкспорт) корҳои зиёди мақсаднокро барои афзун намудани содироти маҳсулоти Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон амалӣ менамоянд. Бахусус, намояндагиҳои зерини ширкатҳои Қазоқистон фаъолияти хуб доранд:
— ҶСП Казкомерсбонк Тоҷикистон;
— ҶТИ Қазоқистон (маҳсулоти тамоку);
— ҶСК Тексан Қазоқистон (маҳсулоти электротехникӣ ва равшанидиҳанда);
— Ширкати Алина (иловагиҳои хушки сохтмонӣ ва маҳсулоти ранга);
— Корхонаи перноплекс Қазоқистон (маҳсулоти сохтмонӣ);
— Корхонаи Зерде сафолсоз (маҳсулоти сохтмонӣ);
— Гурӯҳи ширкатҳои галаксӣ (маҳсулоти алюминӣ барои сохтмон);
— Ширкати бузурги Тсесна (орд);
— Гурӯҳи ширкатҳои фурӯшандаи гандум (маҳсулоти хӯрока, гандум ва орд);
— Сармоягузорони Қазоқ (ҶСК Бейбарс ва Ко) дар ҶСП “Оби зулол” саҳмдори асосӣ (65%) мебошанд ;
— ҶСК “Суғд” Пак, истеҳсоли халтаҳои пластикӣ.
20 апрели соли 2017 дар Душанбе Форуми тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид, ки бо дастгирии ширкати миллии Казахинвест ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд. Дар ин маъракаи муҳим 30 ширкати истеҳсолкунандаи маводи хӯрока, масолеҳи сохтмонӣ, мошинсозӣ, бастабандӣ, дорусозӣ ва маҳсулоти кимиёвӣ иштирок намуданд. Дар гуфтушунидҳои рӯ ба рӯ беш аз 100 ширкатҳои тоҷикистоние, ки ба харидории маҳсулоти Қазоқистон ҳавасманд буданд, иштирок намуданд. Дар доираи сафари ҳайати тоҷирони Қазоқистон ба Тоҷикистон дар Душанбе вохӯрӣ бо роҳбарияти гурӯҳи ширкатҳои байналмилалии “Ашан” баргузор гардид, ки аз соли 2016 дар шаҳри Душанбе гипермаркети худро боз намудааст. Истеҳсолкунандагони маводи хӯрокӣ маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд ва дар натиҷа тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкорӣ ба роҳ монанд.
27 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе маҷлиси якуми гурӯҳи корӣ оид ба зиёд намудани гардиши маҳсулот аз ҳар ду ҷониб муҳокима карда шуд. Тарафҳо ба ҳамдигар номгӯй ва намудҳои маҳсулоти содиршавандаи ҳарду тарафро пешниҳод намуда, ҳамчунин ҳуҷҷатҳоро дар бораи зиёд намудани гардиши мол то ба як миллиард доллар ба имзо расониданд.
Ба муносибати 25-солагии соҳибистиқлолии ҳар ду ҷумҳурӣ яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ба номи Чимкент номгузорӣ шуд. Хуҷанд ва Чимкент бародаршаҳр эълон гадиданд.
20-23 марти соли 2017 бо даъвати ҳокими шаҳри Чимкент ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҷавобии ҳайати шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Чимкент баргузор гардид. Натиҷаҳои маъракаҳои мазкур нишон доданд, ки ба роҳ мондани чунин рафтуомадҳо муносибатҳои байни минтақаҳои ҳар ду кишварро боз ҳам тақвият мебахшанд.
Бояд зикр намоем, ки халқи қазоқ дар мушкилтарин давраҳои таърихиаш тоҷикистониҳоро дастгирии ҳамаҷониба менамуд. Бо назардошти муносибатҳои дӯстонаи таърихии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҳамчунин бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи ду давлат мувофиқи мақсад аст, ки:
— Қазоқистон чун бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи гандум дар Тоҷикистон корхонаи муштараки давлатӣ оид ба коркарди гандум бунёд намояд;
— бо назардошти таҷрибаи зиёди Қазоқистон дар соҳаи саноати кӯҳӣ ширкатҳои ин мамлакат ба истихроҷ ва коркарди маъданҳои зеризаминии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд;
— бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ ва ситрусӣ, ки он аз лиҳози сифат ба ҳамаи талаботи экологӣ ҷавобгӯ мебошад, корхонаҳои коркард бунёд намуда, маҳсулоти тайёр ба Қазоқистон содир карда шаванд;
— ба ҷамъияти қазоқҳои Тоҷикистон кумак ва дастгирии ҳамаҷониба расонида шавад;
— соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи давлатӣ аз нав ба роҳ монда шавад.
Умед ЛОИҚЗОДА,
шореҳи АМИТ «Ховар»