Замони баргузории бозиҳои даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал муайян гардид

Бозиҳои даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал 31 август дар толорҳои варзишии мамлакат  оғоз мегарданд Дар  ин давр дастаҳои футзали  «Истаравшан»-и шаҳри  Истаравшан  бо «Сипар»-и шаҳри  Хуҷанд, «Самандар»-и шаҳри Турсунзода бо  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва  «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе бо  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  байни ҳам рақобат мекунанд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Бозиҳои даври 7-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал 22 август дар толорҳои варзишии мамлакатамон дар сатҳи баланд  баргузор гардида, бо пирӯзии пешсафони мусобиқа ба поён расиданд.  Дар ин давр дастаи футзали  «Сипар»-и  шаҳри Хуҷанд дар бозии хонагиаш  дастаи  «Самандар»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 13:1 мағлуб намуда, бо касби 19 имтиёз  дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон  дар ҷойи аввал аст. Дастаи футзали  «Соро компания»-и  шаҳри Душанбе, ки дар шаҳри Кӯлоб бар дастаи  «Равшан» бо ҳисоби 13:4 ғолиб омад, бо касби 16 имтиёз дар мақоми дуюм қарор дорад. Дастаи  футзали «Муҳоҷир»-и шаҳри  Душанбе, ки дар меҳмонӣ бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 8:7 пирӯз шуд, бо касби 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 7-ум

«Сипар» – «Самандар» – 13:1

Голҳо: Раҳмоналӣ Шарипов, 3 (1:0). Раҳмоналӣ Шарипов, 7 (2:0). Иқбол Воситзода, 8 (3:0). Баҳодур Хоҷаев, 13 (4:0). Баҳодур Хоҷаев, 14 (5:0). Иқбол Воситзода, 18 (6:0). Алишер Сафаров, 20 (7:0). Ҷони Ҷгеренаия, 23 (8:0). Иқбол Воситзода, 29 (9:0). Абдусамад Раҳмонов, 33 (10:0). Алишер Сафаров, 34 (11:0). Фирдавс Тусматов, 35 (11:1). Раҳмоналӣ Шарипов, 39 (12:1). Абдусамад Раҳмонов, 40 (13:1).

«Истаравшан» – «Муҳоҷир» – 8:7

Голҳо: Парвиз Раупов, 2 (1:0). Самандар Ризомов, 2 (1:1). Самандар Ризомов, 8 (1:2). Парвиз Раупов, 10 (2:2). Хуршеди Зайниддин, 20 – ба дарвозаи худ (3:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 23 (4:2). Бахтиёр Солиев, 28 (4:3). Самандар Ризомов, 30 (4:4). Хуршеди Зайниддин, 30 (4:5). Холид Сабуров, 30 (5:5). Холид Сабуров, 32 (6:5). Холид Сабуров, 33 (7:5). Самандар Ризомов, 35 (7:6). Шаҳбоз Бобоҷонов, 38 (8:6). Самандар Ризомов, 40 (8:7).

«Равшан» – «Соро компания» – 4:13

Голҳо: Вахтанг Кекелия, 10 (0:1). Муҳаммад Шарипов, 13 (0:2). Муҳаммад Раҷабов, 15 (0:3). Насим Шарипов, 17 (0:4). Сиёвуш Қаюмов, 18 (0:5). Ҷамшед Муродов, 19 (1:5). Вахтанг Кекелия, 22 (1:6). Муҳаммад Шарипов, 23 (1:7). Малхаз Муртсхваладзе, 23 (1:8). Рустам Зауров, 24 (2:8). Насим Шарипов, 27 (2:9). Ҷамшед Муродов, 28 (3:9). Фаридун Неъматов, 29 (3:10). Ҷамшед Муродов, 30 (4:10). Насим Шарипов, 32 (4:11). Насим Шарипов, 35 (4:12). Фаридун Неъматов, 39 (4:13).

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 6-ум

«Соро компания» – «Сипар» – 1:2

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 3 – пеналти (1:0). Собирҷон Гуляков, 11 (1:1). Парвиз Раҳматов, 32 (1:2).

 «Самандар» – «Истаравшан» – 8:16

Голҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов, 5 (0:1). Шаҳбоз Бобоҷонов, 8 (0:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 13 (0:3). Холид Сабуров, 14 (0:4). Ориф Меликов, 15 (1:4). Ориф Меликов, 16 (2:4). Шаҳбоз Бобоҷонов, 16 (2:5). Акбар Маманазаров, 17 (3:5). Акбар Маманазаров, 18 (4:5). Шаҳбоз Бобоҷонов, 19 (4:6). Шаҳбоз Бобоҷонов, 20 (4:7). Ашраф Сабитов, 21 (5:7). Мирзорауф Умаров, 22 (5:8). Фаридун Расулов, 25 (5:9). Холид Сабуров, 32 (5:10). Абдулазиз Холбоев, 35 (6:10). Холид Сабуров, 37 (6:11). Акбар Маманазаров, 37 (7:11). Фаридун Расулов, 37 (7:12). Фаридун Расулов, 38 (7:13). Фаридун Расулов, 39 (7:14). Фаридун Расулов, 40 (7:15). Ашраф Сабитов, 40 (8:15). Фаридун Расулов, 40 (8:16).

 «Муҳоҷир» – «Равшан» – 12:3

Голҳо: Иброҳим Мирзоев, 2 (0:1). Самандар Ризомов, 4 (1:1). Самандар Ризомов, 10 (2:1). Бахтиёр Солиев, 11 (3:1). Бахтиёр Солиев, 15 (4:1). Хуршеди Зайниддин, 15 (5:1). Самандар Ризомов, 23 (6:1). Идимад Авзалов, 26 (6:2). Хуршеди Зайниддин, 30 (7:2). Абдуқаюм Умаров, 30 (8:2). Раҳмон Ҳасанов, 31 (8:3). Хайём Дарвешов, 33 (9:3). Хайём Дарвешов, 34 (10:3). Шоҳмуҳаммад Бобоев, 37 (11:3). Некрӯз Идиев, 38 (12:3).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Сипар» (Хуҷанд) 7 6 1 0 49-17 19
2 «Соро компания» (Душанбе) 7 5 1 1 54-12 16
3 «Муҳоҷир» (Душанбе) 7 4 0 3 41-34 12
4 «Истаравшан» (Истаравшан) 7 3 0 4 51-49 9
5 «Равшан» (Кӯлоб) 7 1 0 6 30-68 3
6 «Самандар» (Турсунзода) 7 1 0 6 35-80 3

 

Нишонзанҳо: Самандар Ризомов («Муҳоҷир») – 15 тӯб, Шаҳбоз Бобоҷонов («Истаравшан») – 14 тӯб, Собирҷон Гулаков («Сипар»), Фаридун Расулов («Истаравшан») – 12-тӯбӣ.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. Даври 8-ум

31 август (душанбе)

16:00 – «Истаравшан» – «Сипар»

16:00 – «Самандар» – «Равшан»

16:00 – «Муҳоҷир» – «Соро компания»

АМИТ «Ховар»

Tags: