Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвоз ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷавонони ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистонро ба содиқона дӯст доштани Ватан ва саҳми шоиста гузоштан дар ободонию шукуфоии кишварамон ҳидоят намуданд.
Президенти кишвар бо дахли авзои сиёсии ҷаҳон таъкид карданд, ки «ҳамаи мо ҳар рӯз аз воситаҳои ахбори омма доир ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар гӯшаҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон хабардор мешавем. Дар натиҷаи аъмоли нангини чунин ҳаракату гурӯҳҳо зиндагии осоиштаи мардуми як қатор давлатҳо халалдор гардида, ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд, шаҳру деҳоти обод ба харобазор табдил ёфта, миллионҳо нафар одамон ба тарки ватан маҷбур мегарданд. Дар робита ба ин, ба шумо, ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Дарвоз таъкид менамоям, ки дар кору зиндагӣ ҳамеша бо насиҳату маслиҳати падарону модарон ва зиёиёну устодони худ амал кунед, ватандӯсту ватанпараст бошед ва бо шукронаи сулҳу суботи комили кишвар барои анҷом додани иқдому ташаббусҳои созанда, ободии диёри худ ва Ватани маҳбубамон саъю талош намоед».
Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки меҳри Ватан дар қалби ҳар як шахси меҳанпараст бояд нақши абадӣ дошта бошад ва агар мо онро содиқона дӯст дорем, ҷиҳати ободонии он аҳлона заҳмат кашем ва барои пешрафташ хизмат кунем, мамлакатамон боз ҳам обод, давлатамон тараққикарда ва мушкилоти зиндагии мардумамон дар ояндаи наздик бартараф мегардад.
АМИТ "Ховар"