«Масъалаҳои табиати иҷтимоии забон» — таҳти чунин унвон 29 сентябри соли равон, соати 10:00, дар толори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллои Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир мегардад.
Дар ин бора мудири шуъбаи забони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рўдакии АИ ҶТ Сайфиддин Мирзоев хабар дод.
Ба иттилои Сайфиддин Мирзоев, ин ҳамоиши илмӣ ба ҷашни забони давлатӣ бахшида мешавад ва дар он тамоми олимону забоншиносон ва устодони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ширкат намуда, доир ба омилҳои ташаккули сиёсати забон, густариши забони тоҷикӣ, мақоми забони давлатӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими вобаста ба рушди забони тоҷикӣ маърӯза менамоянд.
Конференсияи мазкур дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
АМИТ «Ховар»