Дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таэквондо WTF байни наврасон доир мегардад

Рӯзҳои 13-14 октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таэквондо WTF байни наврасони солҳои таваллуди 2001-2004 баргузор мегардад.

Тавре аз  Федератсияи таэквандо WTF-и Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади иштирок дар ин мусобиқа дар шаҳри Кӯлоб марҳилаи интихобӣ аз рӯи ин намуди варзиш роҳандозӣ шуд. Тарғибу ташвиқи таэквондо байни наврасону ҷавонон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон ва муайян намудани аъзои дастаи Хатлон-2 аз мақсадҳои асосии мусобиқаи минтақавӣ оид ба ин намуди варзиш арзёбӣ гардид.

Мусобиқаи мазкур байни наврасони солҳои таваллуди 2001-2004 баргузор гардид ва зиёда аз 60 нафар варзишгарони наврас, аз ҷумла духтарон низ дар ин мусобиқаи варзишӣ ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 13-14 октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таэквондо WTF байни наврасон-дастпарварони солҳои таваллуди 2001-2004-и мактабҳои варзишии ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Беҳтарин варзишгарони наврас ба ин мусобиқа сафарбар карда мешаванд.

Дар анҷоми мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон муайян карда шуда, бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб сарфароз гардонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: