ВУСЪАТ ДОДАНИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар ноҳияи Файзобод оид ба он тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд

Филиали №16-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод дорои ҳафт маркази хизматрасонӣ мебошад, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  Файзобод, «Меҳробод», «30-солагии Истиқлол», «Вашгирд», «Қалъаи Дашт», «Бӯстон» ва  деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев фаъолияти густурда доранд. Мутахассисони марказҳо дар байни аҳолӣ пайваста моҳияти пардохти ғайринақдиро ташвиқ менамоянд ва он натиҷаи дилхоҳ ба бор меорад.  

Мавсуф дар мавриди иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тавсеаи пардохти ғайринақдӣ гуфт,  ки «ҳоло дар ноҳия зиёда аз 18 ҳазору 203 нафар соҳиби кортҳои пардохтӣ буда, аз ин теъдод 8 ҳазору 117 нафарашон нафақахӯрон мебошанд. Ҳамчунин зиёда аз 18 ҳазор нафар соҳибони кортҳо ба SMS- паёмаки «Амонатбонк» пайваст мебошанд».

Барои сари вақт дастрас намудани маош ва нафақапулӣ дар марказҳои савдо, дорухонаҳо, беморхона ва марказҳои саломатии маркази ноҳия ва деҳоти он 45 POS-терминал ва 10 QR рамзҳои «Амонатбонк» насб шудаанд, ки 330 намуди пардохти давлатиро қабул мекунанд. Инчунин 107 ташкилоту муассисаи буҷетӣ ва ғайрибуҷетии ноҳияи Файзобод ба барномаи «Интернетбонкинг» пайваст ва дар маҷмуъ, беш аз 50 фоизи аҳолии ноҳия бо кортҳои пардохтӣ таъмин мебошанд.

То имрӯз  мутахассисони бонк 2542 нафар сокинони ноҳияро мувофиқи хоҳишашон бо корти фарогир  таъмин намуданд ва ин амал идома ёфта истодааст. Ҳамин аст, ки дар шаш моҳи соли 2023  дар филиали  «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод  зиёда аз 4 миллиону 337 ҳазору  738  сомонӣ  пардохтҳо  тариқи ғайринақдӣ анҷом дода шуданд. Ҳамчунин филиали мазкур дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 11 ҳазору 741 сомонӣ амалиёт гузаронид.

Роҳбарият ва кормандони филиали №16-и КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Файзобод кӯшиш доранд, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то 1 августи соли равон пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар намуди хизматрасонии давлатиро ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монанд.

Tags: