БОЗ ЯК ХУШХАБАР! Баҳодур Усмонов дар Қазоқистон сазовори медали тилло гардид

Чемпиони Осиё-2019 оид ба бокс Баҳодур Усмонов  дар 11-умин  мусобиқаи байналмилалӣ, ки  ба хотираи Исатай Тайманов ва Махамбет Утемисов аз 4 то 8 июн дар шаҳри Атирауи Қазоқистон доир шуд,  сазовори медали тилло гардид.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар  дод.

Тибқи иттилои мабаъ, Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кг дар даври муқаддамотӣ ҳарифонашро аз Қазоқистон (2 нафар) ва Озарбойҷон мағлуб кард. Ӯ дар марҳилаи ниҳоӣ муштзани маъруфи қазоқро шикаст дода,  сазовори медали тилло гардид.

Бояд илова намуд, ки дар мусобиқаи мазкур  варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия ширкат доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли равон ин сеюмин медали тиллои Баҳодур Усмонов мебошад. Ӯ моҳи феврал дар мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи Д. Шопоков дар Қирғизистон ва моҳи апрели соли равон  дар Чемпионати Осиё дар Тайланд медали тилло ба даст оварда буд.

АМИТ«Ховар»

Tags: