Воситаҳои ахбори электронӣ дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳим доранд

Бахшида  ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 106-солагии матбуоти тоҷик имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори электронии телевизион ва радио дар инъикоси масъалаҳои ҳаёти фарҳангӣ» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар конфронс ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  Хайриддин Идиев иброз дошт, ки яке аз масъалаҳое, ки имрӯз таваҷҷуҳи хеле зиёд касб мекунад, нақши воситаҳои ахбори электронии телевезион  ва радио дар ҳаёти ҷомеаи муосир мебошадТелевизион ва радио дар низоми воситаҳои ахбори омма ҷойгоҳи муносиб дошта, ҳамчун воситаи тавонои тарғибу ташвиқ ва василаи бисёр муҳими расонидани иттилоъ барои ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳим доранд.

«Дар фарқият аз матбуоти дигари даврие, ки дар ҷомеаҳои муосир ҳастанд, яъне нашрияи чопӣ, телевизион ва радио, пеш аз ҳама, бо хусусияти визуалии худ, ки ба шунидан ва дидан такя мекунад, дар ҳаёти ҷомеаи муосир  нақши муассир доранд.  Дарвоқеъ ин  гуфтаҳо имрӯз ба чашм мерасанд ва тамоми башарият ҳамчун як воҳид тавассути воситаҳои ахбори электронӣ ба ҳамдигар наздик мешаванд. Ин тасвир бештар дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа возеҳ ва равшан ба назар мерасад. Аз ин рӯ конфронси имрӯза низ ба масъалаи чигунагии инъикоси ҳаёти фарҳангии ҷомеа аз ҷониби ВАО бахшида шуд»,- гуфт Хайриддин Идиев.

Ҳоло воситаҳои ахбори электронӣ новобаста аз он ки гуногунрангиро тасвир мекунанд, инчунин умумият ва ба ҳам наздик будани фарҳангҳоро низ нишон медиҳанд. Онҳо барои нигоҳ доштан ва ба ворисият гирифтани ҷиҳатҳои нотакрори фарҳангҳо низ саҳми  муассир доранд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ доир ба нақши телевизион ва радио гуфта буданд: «Телевизион ва радио ду неруи бузургеанд, ки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти нақшаҳои бузурги созандагӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои бунёди як кишвари соҳибистиқлолу озоди демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳанд намуд».

АМИТ "Ховар"