Вохӯриҳои вакилони МН МО ҶТ бо сокинони шаҳраку ҷамоати деҳоти ноҳияи Б.Ғафуров

Аз 13 то 16 сентябри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи «Бобоҷон Ғафуров 14» ва «Саидхоҷа Урунхоҷаев 15» бо сокинони ноҳия вохӯриҳо анҷом доданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров хабар доданд, чунин мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Қаландарзода ва Ҷ.Ахмедов дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов ва ҷамоати Унҷӣ доир шуд, ки дар он намояндагони аҳли ҷомеа, кормандони соҳаҳои саноатию кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, аҳли фарҳанг, намояндагони собиқадорон, занону ҷавонон иштирок намуданд.
Ҳадафи мулоқот- аз наздик шинос шудан бо вазъи зиндагии аҳолӣ, муколама доир ба масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, тарғиби сиёсати давлатию дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ дар зарфи 25-соли соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо аҳолӣ дар маҳаллаҳои 9 ҷамоати деҳоти ноҳия бо иштироки шумораи зиёди сокинон доир шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: