Ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Роҳи абрешим” дар шаҳри Кӯлоб

Дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази замонавии хизматрасонии “Роҳи абрешим”- ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази “Роҳи абрешим” дар шафати роҳи байналмилалии мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма” бо маблағи 2 миллион сомонӣ қомат афрохта, дорои мағозаи фуруши шабонарӯзӣ, қаҳвахона ва тарабхона бо 150 ҷойи нишаст мебошад ва бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст.

Соҳибкори ватанӣ Табаралӣ Амрохонов бо бунёди ин маркази муосири хизматрасонӣ, 50 нафар сокинони маҳаллии шаҳри Кӯлобро соҳиби кори доимӣ кард.

Дар ошёнаи сеюми марказ меҳмонхонаи нав бо 13 ҳуҷраи хоб сохта шудааст. Мақсад аз бунёди чунин иморати зебо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирону ронандагони шоҳроҳи байналмилалӣ мебошад.

Дар рӯзи ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Роҳи абрешим” дар ошёнаи якуми бино тӯйи дастаҷамъонаи суннатии 25 кудак аз оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони хушбахти замон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.