ТАВАҶҶУҲ, ЭҲТИЁТ ШАВЕД! «Штамми британиягӣ»-и коронавирус ба Ӯзбекистон омад

Бори аввал дар Ӯзбекистон «штамми британиягӣ»-и навъи нави коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи шанбе, 30 январ, муовини вазири тандурустӣ, сардори Хадамоти беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷомеаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодир Юсупалиев иттилоъ дод.

Маълум шуд, ки шахси сироятшуда сокини Тошканд, духтари 10-солаи мактабхон, ки ҳамроҳи хонаводааш ба Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) сафар кардааст, будааст. 23 январи соли равон ӯ ба Ӯзбекистон баргаштааст.

Дар фурудгоҳи байналмилалӣ, пас аз санҷиши шаҳрванд дар ӯ натиҷаи мусбат ба қайд гирифта шудааст. Беморро фавран ба беморхонаи сироятӣ интиқол доданд. Маълум гардид, ки бемории ӯ бидуни нишона будааст.

Ҳоло вазъи духтар қаноатбахш буда, шикояте нест, ӯ тибқи стандартҳои тиббии дахлдор табобат мегирад. Аъзои оилааш дар карантини хонагӣ қарор доранд.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон аз аҳолӣ даъват кард, ки ҳушёр бошанд, ниқоби тиббиро дуруст ва мунтазам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҷойҳои корӣ пӯшанд, масофаи иҷтимоиро риоя намоянд ва дастҳои худро бо собун бештар шӯянд. Ҳамчунин хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати зарурат аз сафар ба хориҷа муваққатан худдорӣ кунанд.

Сардори Хадамоти беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷомеаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодир Юсупалиев ҳамчунин гуфт, ки дар сурати аз ҷониби шаҳрвандон риоя накардани қоидаҳои маҳдудкунанда, Ӯзбекистон метавонад дар парвозҳои ҳавоӣ маҳдудият ҷорӣ намояд.

Ба гуфтаи ӯ, пандемия ҳанӯз ба охир нарасидааст, мубориза бо сирояти коронавирус идома дорад, ҳолатҳои нави сироят ва штаммҳо ба назар мерасанд.

Бо қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бар зидди коронавирус, манъи парвози ҳавопаймоҳои байналмилалӣ /воридотӣ, берунӣ ва транзитӣ/ бо Британияи Кабир, Италия, Германия, Дания, Австрия, Австралия, Нидерланд ва Африқои Ҷанубӣ ба Ӯзбекистон то 1 марти соли равон тамдид карда шуд, хабар дод рӯзи 29 январ хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

АМИТ «Ховар»

Tags: