Видеоҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир гардид

Видеоҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дирӯз баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Директор оид ба Россия, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи наздик ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Люк Девин  роҳбарӣ намуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ медиҳад, ки зимни ҷаласа ҷанбаҳои шарикии калидӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масъалаҳо вобаста ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо, ваъзи макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт дар Тоҷикистон бо назардошти ҳамгироии минтақавӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ, энергетика ва об, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Зимни суханронӣ А. Абдураҳмонзода тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пайгирии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии пайомадҳои паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, самаранокии фаъолияти мунтазами Ситоди ҷумҳуриявӣ ва қабули нақшаи чорабиниҳои пешгирӣ ва коҳиши таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллиро муаррифӣ намуд.

Ҳамзамон дар доираи ҷаласа тарафҳо самтҳои нави ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро муайян карда, истифодаи лоиҳаи Барномаи нави бисёрсолаи индикативӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2021-2027-ро барои маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, рушди деҳот ҷиҳати беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум дастгирӣ намуданд.

Инчунин бо мақсади рушди устувори деҳот ва ноҳия ҷонибҳо муҳимияти баимзорасонии Созишномаи сеҷонибаи грантӣ оид ба ҷудо намудани маблағ дар ҳаҷми 18,6 млн. евро барои татбиқи бунёди НБО «Себзор»-ро таъкид карданд.

Дар ниҳоят Протоколи ҷаласаи 7-уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонида шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: