27 ноябр дар Гаага нахустин даври машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар машваратҳои мазкур дар мавриди ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ муҳокима гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкории судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба густариши бештари робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.
Акс аз ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»