Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: масъулин вобаста ба корҳои анҷомдода ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус ҳисобот доданд

Аз 1 феврал то 3 апрел 6305 нафар шаҳрвандоне, ки аз давлатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тиббӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то 3 апрел 2851 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, 3454  кас  дар карантин  қарор доранд. Дар ин бора  дар  ҷаласаи навбатии ситоди  Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 апрел доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре аз Вазорати  мазкур ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, ҷаласа  таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саида Умарзода сурат гирифта, дар он  масъалаи пешгирии сирояти коронавирус ва бештар  андешидани тадбирҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат баррасӣ гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, дар ҳолатҳои ба қайд гирифтани сирояти мазкур, таъмини шуъбаҳои эҳё бо таҷҳизоти зарурӣ, муносибат бо нафарони сироятёфта, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо мавод ва таҷҳизот барои пешгирии коронавирус,  баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони тиб дар ҳолати эълон намудани карантин дар миқёси ҷумҳурӣ, саҳми табибони оилавӣ дар ин ҳолат ва дигар масъалаҳои вобаста ба он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид карда шуд, ки новобаста ба он ки то имрӯз сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо муассисаҳои тандурустӣ бояд  барои ҳолати эҳтимолии хуруҷи сирояти мазкур, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани нафарони сироятёфта  ҳамаҷониба омода бошанд.

Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба ҷараёни корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус, аз ҷумла  захира намудани мавод ва молҳои тиббӣ, муҳайё намудани шароит ва имконоти мусоид ба шаҳрвандоне, ки дар карантин қарор доранд ва дигар масъалаҳои марбута ба муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ҳисобот доданд.

Пас аз шунидани ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани корҳои омодагӣ ва андешидани тадбирҳои қатъӣ бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат ва дигар масъалаҳои вобаста аз ҷониби муовини якуми вазир Саида Умарзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 3 апрел дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд вобаста ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 11,3 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд маблағгузорӣ мегардад.

Мақсади асосии лоиҳа ин амалӣ намудани чорабиниҳои омодагӣ оид ба пешгирии пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба рушди иқтидори соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла терапияи интенсивӣ ва реаниматсионӣ, банақшагирии бисёрсоҳавии меъёри вокунишҳо ва омодагии ҷомеа, инчунин расонидани кумаки иҷтимоии муваққатӣ ба хонаводаҳое, ки аз лиҳози дастрасӣ ба озуқаворӣ осебпазиранд, равона мегардад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аввали соли 2020 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, чунин ҳамкориҳо ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ бо дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ низ ба роҳ монда шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: