Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» оғоз мегардад, ки дар он зиёда аз 200 нафар наврасон аз саросари ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Фестивал 1 июн бо баргузории барномаи фарҳангию фароғатӣ дар Муассисаи давлатии «Аҳорун»-и пойтахт ҷамъбаст мегардад.
Имрӯз иштирокчиёни Фестивал дар пояи Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, аз Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосими Фирдавсӣ дидан мекунанд.
Инчунин иштирокдорони Фестивал барномаи кӯдаконаро дар Сирки давлатии Тоҷикистон ва намоишро дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов тамошо менамоянд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад, пагоҳ, 31 май наврасон ба бозиҳои варзишӣ аз қабили, футболбоз, волейболбоз, тенисбоз ва баскетболбози наврас, шоҳмотбози ҳушманд, шашкабози зиррак машғул шуда, дар Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шукуфаҳои пойтахт» иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.
Тибқи қарори мазкур, масъулини дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
Ба муносибати ин рӯз дар пойтахт баргузории барномаҳои идонаи фарҳангиву фароғатӣ, хамчунин ташкили намоиши ҳунару эҷод, мусаввараҳои беҳтарин, дастовардҳои кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ва озмуни расмкашӣ дар назар дошта шудааст.
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакони пойтахт, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода мебарад. Имсол низ тибқи нақшаи тасдиқгардида ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи ин рӯз барои тарбиятгирандагони ҳамаи мактаб -интернатҳо ва хонаи кӯдакони пойтахт дастурхони идона ороста, барномаҳои ҷолибу рангини фарҳангию фароғатӣ пешниҳод мегарданд. Аз ҷониби масъулин ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим мегарданд», — афзуд манбаъ.
Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ин рӯз пахши маводи таблиғотӣ, рекламаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҳаёти кӯдакону наврасон ба воситаи таблоҳои электронии шаҳри Душанбе ва таҳияи барномаҳои телевизионию радиоӣ ва мақолаҳо дар мавзӯъҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳоро ба нақша гирифта, ҳар гуна намоишҳои театрикунонидашуда ва маъракаҳои хайриявӣ баргузор менамояд.
Хотиррасон мешавем, ки соли 1949 намояндагони конгресси занон, ки дар Париж мегузашт, аз ҳама мардуми олам даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Ба ин тариқ, Рӯзи байналмилалии кӯдакон таъсис ёфт, ки аввалин идаш 1 июни соли 1950 барпо гардид ва он то имрӯз ҷашн гирифта мешавад.
АМИТ «Ховар»