Вазорати маориф ва илм: Муҳассилини тоҷик бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯӣ дошта бошанд

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни тоҷик, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Украина ва Беларус дохил шудаанд ё дар муассисаҳои таълимии ин кишварҳо таҳсил менамоянд, мерасонад, ки бо худ хуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯӣ дошта бошанд ва барои хариди чиптаҳои ҳавопаймо мустақиман ба «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд. Зеро шурӯъ аз 30 август тавассути хатсайри «Сомон Эйр» парвозҳои чартерии Душанбе-Минск ба роҳ монда мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сафоратҳои Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Беларус ва Украина омода ҳастанд, ки ба донишҷўёни тоҷик дар таъмини транзит аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд.

Қарори мазкур аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар бораи аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом додани парвозҳои чартерӣ дар самтҳои Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе 27 август қабул гардид.

Дар робита ба ин, вазорат аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо талаботи санитарию эпидемиологиро ба назар гиранд.

Бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиши усули реаксияи занҷири полимераз (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Ҳамзамон кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди шаҳодатнома озод мебошанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: