Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар Париж мулоқот намуданд

10 ноябр дар шаҳри Париж дар ҳошияи иҷлоси 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов барпо гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, хусусан ЮНЕСКО мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: