Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД иштирок намуд

11 июни соли 2018 дар шаҳри Алмато ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гашт, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид. 

Дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД доираи васеи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.

Зимни суханронии худ дар ҷаласа Вазири корҳои хориҷӣ самтҳои афзалиятноки Тоҷикистонро дар доираи СААД зикр карда, вазъи мушкили амниятии ҳозираро дар қаламрави Афғонистон махсусан  таъкид намуд.

Дар интиҳои ҷаласа бастаи санадҳои нав ба имзо расид, ки он барои баррасӣ зимни ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД пешниҳод мегардад.

АМИТ "Ховар"

Tags: